​Насби таҷҳизоти муосир дар озмоишгоҳи телекоммуникатсия

Ширкати АНТ ба факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ таҷҳизоти муосири телекоммуникатсионӣ тақдим намуд. Маросими муаррифӣ ва насби ин таҷҳизот бо иштироки намояндагони ширкати АНТ ва масъулини факултет доир гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки таҷҳизоти мазкур аз қабулкунандаи моҳворавӣ, ресивер ва корти дастрасии шартӣ иборат мебошад.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ташкили дарсҳои амалиро бо ҷалби намояндагони АНТ барои донишҷӯён ба роҳ монда, бо ин роҳ барои баланд бардоштани савияи дониши онҳо заминаи мусоид фароҳам оранд.

Бурҳонзода Сомон Исмат,

аъзои маҳфили иттилоот

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ