Нашъамандӣ падидаи зараровари ҷомеа ва мушкилоти умумиҷаҳонӣ

Имрӯз дар факултети физика ва техникаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, дар якҷоягӣ бо донишҷӯёни факултети телекоммуникатсия ва технологияи иттилоотӣ ва факултети санъати тасвирӣ ва технология бо намояндаи Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷуразода Толиб мулоқот баргузор гардид. Мақсад аз баргузори мулоқоти мазкур пешгирии падидаҳои номатлуб миёни ҷавонон ва ҷомеа маҳсуб меёбад. Дар мулоқот Толиб Ҷӯразода - капитани хизмати назорати маводи нашъаовар суханронӣ намуд. Мавсуф афзуд, ки нашъамандӣ падидаи зараровари ҷомеаи инсонӣ ва мушкилоти умумиҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва пешгирии нашъамандӣ дар ҷумҳурӣ яке аз самт ҳои асосии сиёсати стратегии давлат мебошад. Зикр гардид, ки тибқи омори расмӣ то 1 июли соли 2021 дар ҷумҳурӣ 5003 нафар нашъаманд ба қайд гирифта шудааст, ки аз инҳо 109 нафараш зан мебошад. Зимни мулоқот аз иштирокдорон хоҳиш ба амал оварда шуд, ки бо ин падидаи номатлуби ҷомеа муборизаи беамон баранд ва нагузоранд, ки дар миёни ҷавонону ҷомеаи мо чунин кирдорҳои ношоями инсонӣ рушд кунад.

Маркази иттилоот ва таҳлил


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ