​Наҷотбахши насли башар

Тоҷикон дар таъриху фарҳанги башарият ҷойгоҳи хоссае доранд ва имрӯз ба кулли ҷаҳониён маълум аст, ки тоҷикон дар радифи дигар мардумони куҳантамаддуни дунё - ҳиндуҳо,чиниҳо, мисриёну бобулиён ва юнониён, яке аз бостонитарин халқҳои олам мебошанд.

Ба қавле дар олам ҳар касе дар кулвораш ҳарчи дорад, онро ба оламиён арза медорад ва бо он фахр мекунад. Мо - тоҷикон ба аҳли олам илму адаб, фарҳангу тамаддун ва маданияти шаҳрсозию давлатдорӣ ва қонунсозиро арза медорем, ки дар ин ҷода гузаштагони сарбаланди мо собиқаю таҷрибаи гаронарзише доштанд. Танҳо як маншураи Куруши Кабир (539 п.м) чи арзише дорад. Он ба ҳайси аввалин эъломияи ҳуқуқи башар ва унсури аввалини мардумсолорӣ (демократия) ва сарчашмаи бевоситаи “эъломия ҳуқуқи башар” (1948) баромад мекунад. Инҷо як нукта қобили тазаккур аст, ки ғайр аз маншураи Куруши Кабир дар асри II-и то мелод “маҷмуаи қонунҳои Хамураппи” вуҷуд дошт, вале он танҳо барои ҳуқуқу уҳдадориҳои як давлат пешбинӣ шуда буд ва ҷанбаи сирф ҳуқуқӣ дошт, вале маншураи Куруши Кабир барои халқу миллатҳо ва дину мазҳабҳои зиёде пешбинӣ шуда буду мазмуну муҳтавои он хеле васеътар ва прогрессивӣ - умумибашарӣ буду таъмини ҳуқуқу озидиҳои диниву мазҳабӣ ва фитрии ақвоми мухталифро ба танзим медароварданд.

Бо бадастории Истиқлоли давлатӣ ба миллати тоҷик фароҳам гашт, ки баъди гузашти ҳазор сол давлати навини миллии хешро поягузорӣ намояд, парчаму нишон, суруди миллӣ, пули миллиро иншову сикка занад, забони тоҷикиро мақоми давлатӣ бахшад, таъриху фарҳанг ва адабиёти худро аз нав эҳё намояд. Гарчанде ки баъзе унсурҳои харобниҳоду табаҳкори муғризи дохиливу хориҷӣ ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро роҳандозӣ намуда, мехостанд давлат ва миллати тоҷикро порча-порча намуда, ба манотиқи доираи нуфузи хеш табдил дода, мавриди истисмору истеъмор табдил диҳанд, лекин хушбахтона тири ин тирадилону бадхоҳон хок хурду ба хоки сияҳ нашаст ва миллати мутамаддину сулҳхоҳ ва хирадройи тоҷик аз нияти ин табаҳкорони сияҳдилу ҷаҳолатпеша огаҳӣ ёфту хешро аз варта берун кашид. Дар ин роҳи пуршебу фароз фарзандаи фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат баромад ва зимоми давлатдорию давлатсозиро ба даст гирифт. Ӯ бо эълон доштани давлати ягонаи дунявии демократӣ, ҳуқуқбунёду соҳибистиқлол қадам ба арсаи сиёсат ниҳод ва муваффақу мушарраф гардид, зеро ки дар роҳи пешгирифтаи худ устувору матин буду ба азми хеш содиқ ва худро дар роҳи ба даст овардани сулҳу суботи доимию комил ва ваҳдати миллӣ бахшид.

Бартар аз ин, сиёсати дурусти санҷидашудаи дурбинонаи дохиливу хориҷӣ - такя ба халқ, фидокорӣ ва заҳмату талоши ҳамешагӣ Ӯ миллатро ба мақсад расонид, то дар эъмори давлати нави миллӣ муваффақ бошаду лоиқи эҳтирому эътирофи ҳамагонии тамоми мардуми кишвар - шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва пешвои асили миллати тоҷики тоҷбарсар гардад.

Имрӯз бо ташаббусҳои ҷаҳони ва фаромиллии хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат обру ва нуфузи кишвари хешро дар сатҳи байналмилал нишон дода, бо иқдомоти хеш таъкид намудан мехоҳанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша барои беҳбудии аҳли башар ва тақдири ояндаи ҷаҳон бетараф нест.

Қобили зикр аст, ки ташаббусҳои пайвастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ вобаста ба наҷоти ҷомеаи ҷаҳонӣ аз норасоии об, тағйирёбии иқлим, пешгирии хариду фурӯши одамон, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва терроризму экстремизм ба ҳисоб меравад, ки ин мушкилот ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.

Бори дигар масоили мубрами аҳли сайёраро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди таваҷҷӯҳи хос қарор дода, 23 сентябр соли 2024 зимни суханронӣ дар Ҳамоиши Оянда-и СММ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо азму иродаи матин дар Ҳамоиш сӯханронӣ намуда, якбори дигар ба мардуми олам ва алалхусус Осиё паёми сулҳу оромиро расонида, таъкид мекунанд, ки бо ҳамин силоҳ метавон тухми ҷаҳлу ҷангро решакан намуд.

Ҳадаф ва мақсади аслии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама ҳимоя ва риояи ҳуқуқи мардумони мазлуму бечора мебошад, ки зери чархаи зулму ҷаҳолат ва бераҳмии ғосибону истеъморгарону даҳшатфканон қарор мегиранд.

Ҳамзамон таъкид намуданд, ки роҳбарони давлатҳоро зарур аст, ки атрофи ҳадафҳои умумӣ бо мақсади таъмини сулҳи пойдор дар тамоми кураи Замин ва хотима бахшидан ба ранҷу азоби одамон бар асари ҷангҳо ва пайомадҳои даҳшатбори онҳо муттаҳид шаванд. «Вақти он расидааст, ки мо аз иқдоми муассир барои тақвияти нақши асосии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра кор бигирем».

Ин ҳамаро Президенту мардуми Тоҷикистон бо эҷоди мактаби сулҳу созандагӣ саривақт дарк карда, аҳли оламро аз он огоҳӣ медиҳанд.

Ҳамин тариқ метавон гуфт, ки сарвари давлати тоҷикон наҷотбахши насли ояндаи башар ба ҳисоб рафта, пайваста барои наҷоти мардуми сайёра талош мекунанд.Барои насли башар муҳим нест, ки кӣ чи кор мекунад, муҳим он ки кӣ барои наҷоти башар талош меварзад.


Мудири шуъбаи кор

бо ҷавонони донишгоҳ

Ҷамолзода Хушрӯз

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ