​Намоиши машқи ҳарбӣ – варзишӣ

Бо иқдоми донишҷўёни курси панҷуми ихтисоси омодагии дифои ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонӣ, инчунин донишҷўёни факултети математика дар доираи таҷрибаомўзӣ чорабинӣ гузаронида шуд.

Ин ташаббус дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 25 роҳандозӣ гардид.

Дар доираи чорабинӣ хонандагон дар васфи Ватан, сулҳ ва муқаддасоти давлатӣ шеърҳо қироат карданд.

Ҳамзамон, намоиши ҳарбӣ – варзишӣ манзур гардид, ки ба чорабинӣ мазмуни бештар бахшид.

Мудири шуъбаи таҷрибаомўзии раёсати донишгоҳ дотсент Пӯлотов Назирҷон аз ин ташаббуси таҷрибаомӯзон хуш истиқбол намуда, ҷиҳати бо сифат ва самаранок гузаронидани марҳилаи таҷрибаомӯзӣ ба донишҷӯён маслиҳатҳои муфид дод.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ