Намоиши “Дастранҷи деҳқон” дар факултети санъати тасвирӣ ва дизайн
Дар факултети санъати тасвирӣ ва дизайн намоиш хӯрокҳои миллӣ, хуриш, шириниҳо ва консерваҳо,ки аз тарафи донишҷӯёни ихтисоси технология. Дизайни маҳсулоти дӯзандагӣ омода шуда буд ба маърази тамошо гузошта шуд.
Зимни намоиш мудири кафедраи технология ва методикаи таълими он Бимукарама Дадобоева иброз дошт, ки донишҷӯён дар намош аз ҳосили ҷамовардаи деҳқонон пурсамар истифода намуда, аз он самбӯсаи кадугин, мантуи картошкагин, мантуи кадугин, хуриши сабзавотӣ, тушбераи картошкагин, шириниҳо аз чормағзу мураббоҳои маҳаллӣ омода намудаанд ва консерваҳоидар машғулиятҳои амалӣ аз помидору бодаринг ва карам тайёрнамудаашонро ба маърази тамошо гузоштанд.
Гуфта шуд, ки ҳадаф аз баргузории ин намоиш дар он аст, ки кадбонуҳои оянда рӯй ба таомҳои миллӣ оварда, аз маҳсулотҳои дар хона буда таомҳоро омода намоянд ва дар ин замина фарҳанги таомҳои миллиро эҳё ва тарғиб кунанд.
Маркази иттилоот ва таҳлил