​Намоиши асарҳои эҷодӣ миёни довталабони шаҳри Панҷакент

Дар идомаи корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва ҷалби довталабон ба ихтисосҳои амалкунандаи Донишгоҳ дар МТМУ рақами №44, №88, №66 ва №96-и шаҳри Панҷакент мулоқоту вохӯрӣ ва муаррифиҳо устодони факултети санъати тасвирӣ ва дизайн бо хатмкунандагон сурат гирифт.

Зимни мулоқот донишҷӯи курси 4-уми факултети санъати тасвирӣ ва дизайн Нусратулло Нарзиқулов намоиши асарҳои эҷодии шахсиашро ба маърази тамошо гузошт ва хонандагон аз он дидан намуданд. Ҳамчунин бахшида ба рузи таъсисёбии Артиши миллӣ дар байни хонандагон озмуни расми беҳтарин гузаронида шуд.

Гуфта шуд, ки ин иқдом барои баланд бардоштани ҳисси зебоипарастиву эстетикии хонандагон, дарёфти истеъдодҳо ва ҷалби онҳо ба тахассусҳои Донишгоҳ роҳандозӣ гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ