Нақши Пешвои миллат дар таъмини ваҳдат

Бо сарлавҳаи навиштаҳои мо шинос шуда, шояд ба фикри хонандаи закӣ зарбулмасали машҳури халқии «он чӣ аён аст, ҳочат ба баён нест» сояандозӣ намояд.

Бешак, ба ном ва пайкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сахт пайваст будани таърихи давлатдории навину тақдири миллати тоҷик дар ҳудуди асрҳои XX – XXI имрўз аз ҳеҷ касс пинҳон нест.

Бо вуҷуди ин дар арафаи 31 –солагии баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ кўшиш менамоем ба паҳлўҳои алоҳидаи фаъолияти Роҳбари кишвар дар раванди давлатсозии имрўза назар андозем, то саҳифаҳои даврони истиқлолиятро варақгардон намуда, ба он аз мавқеи дарк ва фаҳмиши замони муосир баҳо дода бошем.

Дар марҳилаи барои халқи тоҷик мудҳиш ба Пешвои миллат рисолати таърихии халқамон, нерўи ақлию фарҳангсолории он, мардонагию шуҷоати фарзандони далераш чун Спитамену Деваштич, Муқаннаю Темурмалик илҳом ва қувва мебахшиданд. Маҳз ҳамин омилҳо ба эшон бовар мебахшиданд, ки абрҳои тираи осмони Ватанро фарогирифта пароканда мешаванд, зеро хаммиллатон ҳама вақт ҳаводори зиндагии орому осоишта ва шоиста буданд.

“Интихоб ба маснади баландтарини давлатӣ ба Ҷаноби Олӣ имконият дод, ки нақшаҳои ватанпарваронаю инсонпарварона, сулҳҷўёнаю ваҳдатгароёнаи худро дар амал татбиқ намоянд. Аввалин сафарҳои роҳбари нави давлат ба минтақаҳои амалиёти ҷангӣ, гуфтушинидҳо бо қўмондонҳои саҳроӣ ва даъвати онҳо ба иҷлосияиXVI, дасти ҳамдигарро гирифтани тарафҳо башорати сулҳи деринтизор гардиданд” [2. c.28].

Суханони сеҳрноки таърихӣ дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб аз забони эшон садо дод: “Ман то охирин фирориро ба Ватан бар нагардонам худро осуда ҳис намекунам”. [1.c.67]. Эшон ба гуфтаи хеш вафо карданд ва ҳамаи фирориёни иҷборӣ дар оғӯши Ватани аҷдодӣ ором гирифтанд. Дар вазъиятҳои ниҳоят хафнок борҳо мулоқотҳои тӯлонӣ анҷом доданд. Дар натиҷаи чунин азму талошҳои зиёд дар Ватани маҳбуби мо сулҳу амонӣ фаро расид. Бомақсади ба зодгоҳ баргардонидани фирори Ватан кардагон тамоми имкониятҳои тарғибот истифода шуд, ки амсолаш дар таърих дида нашуда буд. Воситаҳои ахбор Ватан, зодгоҳро ситоиш мекарданд, панду ҳикмати аҷдодон тавассути матбуот, телевизион радио ба самъи мусофирон расонидашуда дар ин маврид марҳами ҷону давои захми дили озурдагон гардид”[3.c.87]. Барномаи «Хоки Ватан» дар радиои Тоҷикистон он қадар маҳбубият пайдо кард, ки ба гуфти шоҳидон мардум онро ҳаррўз муштоқона интизор мешуданд.

Аз минбари Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣҳамчун раиси тозаинтихоб гуфта буданд. “Ё ман дар Тоҷикистон сулҳро барқарор мекунам ё дар ин роҳ ҷони худро медиҳам”[9.c.28]. Ҳарчанд ин кори душвору заҳматталаб буд, вале онро сарбаландона анҷом доданд.

Ба гуфтаи пайғамбари ғазал Саъдии Шерозӣ “Амали подшоҳон чун сафари дарёст, хатарнок ва судманд ё ганҷ бардорӣва ё дар тилсим бимирӣ[4.c.3]. Албатта он ганҷе ки Сарвари давлат бигрифтан, боиси он шуд, ки имрӯз кишвари маҳбуби мо ободу зебо, мардумонаш тинҷу осуда, дастурхони ҳар хонадон пур аз нозу неъмат мебошад, дар ҳар хонадонаш садои аллаю суруди ёр-ёр беинтиҳо садо медиҳад. Тараққиёте, ки имрӯз хоси тамоми манотиқи кишвар аст мавриди таваҷҷуҳи худи тоҷикон, балки ҷаҳониёнгардидааст.

Тӯли 31 соли сулҳу ободӣ бо роҳбарии Пешвои Миллат рукнҳову ҷашнҳои гузаштаи миллиамон барқарор гардид, ки яке аз онҳо ҷашни Наврӯз мебошад. Дар бораи ин ҷашни фархунда Пешвои Миллат гуфтаанд: “Ин ҷашни умумимиллӣ барои халқ мероси таърихӣ ба шумор меравад, зеро он аз гузаштагони дурамон ба ёдгор мондааст. Боиси ифтихор аст, ки дар поку беолоиш ва бегазанд ба насли имрӯз расонидани ин суннати бисёр гиромии таърихӣ саҳми фарзандони фарзонаи тоҷик беназир мебошад”[7.c.2]. Балеофарандаи Сулҳ гуфтаҳои худро дар амал низ татбиқ намуданд. Аз ҷумлаи сарвароне буданд, ки барои ҷаҳонӣ гаштани Наврӯзӣ ниёгонамон саҳми арзандаю босазои худро гузоштаанд.

Албатта сатҳи фарҳангу маънавиёти ин ё он миллатро аз таърихаш мешиносанд. Ҳар каси, виҷдону имони комил дошта набояд ин суханҳоро инкор кунад. Чуноне ки, дар урфият мегӯянд “Офтобро бо доман пӯшонида намешавад”. Ба ёд меоремпеш аз ҳар ҷашн Сарвари мо дар аввал ба хонаҳои бачагон ки аз меҳриволидайн маҳруманд ташриф меоранду ба ҳар яке онҳо либоси навро бо дасти худ бабар мекунонанду таъкид мекунанд “Шумоён ҳеҷ гоҳ худро ятим ва бепараст нашуморед, зеро Шумоён ҳамеша дарпарастории давлат ҳастед”[8. c.221]. Мадҳу санои гуфтаҳои Пешвои Миллат мекунем, зеро чунин ғамхорӣ ба ятимону барҷомондагон, ки яке аз нишонаи хайрхоҳиву хайрандешӣ нисбат ба ин қишри ҷомеа мебошад. Пас, чаромардум ин суханҳои зарринро аз хотираҳои худ дур созад? Ба таъбири Амир Хусрав Деҳлавӣ;

Касе бар сари халқ зебад амир,

Ки афтодагонро бувад дастгир.

Албатта ҳар як давлат ба қувваи ҷавонон такя мекунад зеро ояндаи давлат дар дасти ҷавонони он миллатанд. Боиси ҳамин бошад, ки соли 2017 аз тарафи пешвои миллат мӯҳтарам Эмомали Раҳмон “Солиҷавонон” эълон гардид. Дар Паём чунин омадааст: ”Аксарияти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошаанд”[6.c.2].

Имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат, инчунин, дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонони бонангу номус содиқона хизмат ва кору фаъолият доранд. Марзбонони кишвар шабу рӯз барои осудагии мо сарҳади диёрамонро ҳимоя менамоянд, як порчаи заминро аз ҷон гаронтар меҳисобанду ҳаргиз ба дасти аҷнабиён намедиҳанд. Онон байни ҷони худу ҷони Ватан фарқ намегузоранд, шаъни худро бе шаъну шарафи Ватан ҳеҷ мешуморанд. Ба қавли онон, нонеро, ки дар натиҷаи заҳмати ҳалол ба каф омадааст, бояд хӯрд, зеро он нони Ватан аст.

Давлати ин ё он шахсро аз сарвати пулу зиёдии молаш ва азим будани хонааш баҳо медиҳанд. Вале Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон як ошёне сохтаанд, ки деворҳои он на аз сангу мармар, балки бо меҳру муҳаббат ва вафою садоқат сохта шудаасту дар дохили он ҳар каломи аз тарафи эшон ба халқи худ мерасид бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст . Итминои дорам баъди ҳазорон сол низ ин калом нури худро мепошадва дар қалби ворисони миллати Тоҷик нақш мебандад. Кохи пурҳашамати бунёд намудаи Эшон ном дорад: “Сулҳ”. Дар ин ошён як хандаи осудаи ҳамватанро Сарвари давлат аз ҷони худ гарон меҳисобанд. Ифодаи ин суханҳоро дар мисраҳои поён низ дидан мумкин:

Барои тоҷикони рӯи олам такягоҳ гаштӣ,

Аз ин гӯем шоҳаншоҳи шоҳонӣ, ту меарзӣ.

Басо таҳлил ҳар иқдоми арзишманди ту кардем,

Сазовори ҳазорон шеъру достонӣ, ту меарзӣ.

Эмомалӣ Раҳмон барои халқи тоҷик ҳамчун рамзи шуҷоат, садоқат, ҷасорат, матонат, фаросат лутф, эҳсону карам ҳаст ва хоҳад монд.

Тӯйчиев Олимҷон Ҷӯраевич- факултети математика

Тӯйчиева Маҳфуза Олимҷоновна-унвонҷӯи факултети забонҳои шарқ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ