Нақши Пешвои миллат дар таҳкими сулҳ
23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк иштирок ва суханронӣ карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суханронӣ таъкид доштанд, ки “вақтҳои охир ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳарчи бештар ба таҳдидҳои дорои хусусияти экстремистӣ, террористӣ ва низоъҳои мусаллаҳона, таѓйирёбии иқлим, рафъи камбизоатӣ, ҳифзи саломатии омма рў ба рў мешавад” Зимни таҳлили вазъи мураккаби сиёсӣ дар ҷахон, аз ҷумла хавфу таҳдидҳои муосир ба сулҳу амният, Сарвари давлати мо изҳори итминон намуданд, ки иштирокдорони ҳамоиши имрўза барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба ислоҳоти сохтори байналмилалии молиявӣ ва такмил додани вокунишҳои байналмилалӣ ба хатару таҳдидҳои муосир тадбирҳои мушаххас меандешанд.
Чи хеле ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашонқайд намуданд, ки чораҳо оид ба ҳалли мушкилоти иқлим, соҳаи об ва беҳдошт пешбинишуда, ҳанўз кофӣ нест. Дар ин замина таъкид шуд, ки Тоҷикистон нақша дорад, дар ҳамкорӣ бо дигар кишварҳо саъю талошҳои худро барои татдиқи минбаъдаи ташабусҳои созанда дар масоили об ва иқлим тақвият бахшад. Раванда татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» яке аз намунаҳои равшани талошҳои пайвастаи кишварҳо дар ин ҷода номида шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад танҳо тавассути муколама ва ҳамкории созанда дар пайдо кардани роҳҳои рафъи хатарҳои муосир комёб гардад. Таъкид карда шуд, ки кишварҳои олам бояд аз иқдомҳои муассир барои тақвияти нақши асосии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра кор бигиранд.
Барқарорсозии сулҳу амният дар Тоҷикистонро метавон аз заҳматҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуд, ки на танҳо барои тоҷикон балки барои тамоми кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дастоварди муҳим арзёбӣ мегардад. Зеро амнияту оромиши Тоҷикистон бо назардошти мавқею имкониятҳои географӣ он кафили сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон маҳсуб мегардад.
Пешниҳоди навбатие, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Ҳамоиши Оянда садо дод, ҳамчун навиде буд барои ташнагони сулҳу оромиш ва ҳамчун пайғоми умедбахше буд барои ояндаи дурахшони башарият.
Пешвои миллат бо назардошти авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳон ва хавфу таҳдидҳои он ба сулҳу амнияти сайёра таклиф намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони миллали Муттаҳид “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул шавад. Иқдоми мазкур бори дигар аз сулҳофару ваҳдатпарвар будани миллати тоҷик гувоҳӣ дода, беҳтарин муждае хоҳад буд барои тамоми башарият. Зеро сулҳу субот ва оромишу осоиштагӣ асоси пешрафт, зиндагии арзанда, рушди босуботи ҷомеа ва волотарин арзишҳои инсоният маҳсуб мегарданд.
Пас аз пешниҳоди мазкур ҷомеаи ҷаҳонӣ, махсусан кишварҳое, ки ба даргириҳои шадиди сиёсӣ гирифтор шудаанд, дар симои Пешвои маҳбуби тоҷикон шахсияти сулҳофари башарият ва кафили ояндаи дурахшони ҷомеаи ҷаҳониро мебинанд.
Махсусан “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” ном гирифтани пешниҳоди мазкур бори дигар гувоҳи он мебошад, ки тамоми талошу заҳматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо ба хотири ояндаи дурахшони насли наврасу ҷавон мебошад. Таъмини сулҳи пойдору ҳаёти осоиштаи инсоният ва пешрафти кишварҳо дар асоси созишу ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созанда фароҳам мегардад.
Сарвари давлат бори дигар таъкид карданд, ки «Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳалли ҳамаи муноқишаву низоъҳо танҳо бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ мебошад».
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар охир, изхори боварӣ кард, ки «ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад тавассути густариш додани муколамаи боэътимод, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созанда ба тадбиқи усулу ҳадафҳои умумии худ ноил гардад».
Кафедраи кори бонкӣ