​Нақши Пешвои миллат дар таҳким ва густариши забони давлатӣ

Дар факултети муҳандисӣ-омузгорӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ чорабинии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Декани факултет Неъматзода Муқаддас дар барои тозаву беолоиш нигоҳ доштани забон, ташаккул ва рушди дубораи забони тоҷикӣ дар даврони истиқлол, ҳифзи забон дар фароянди ҷаҳонишавӣ ибрози андеша намуд.

Дар тақвияти ин суханон дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ Файзулло Баҳриев доир ба рушди забони тоҷикӣ дар замони истиқлол маърӯза намуд.

Мавсуф зикр дошт, дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ба поку беолоиш нигоҳ доштани забони модарӣ ва ғамхорӣ дар ҳаққи он таваҷҷуҳи вижа зоҳир шудааст.

Дар идома аз ҷониби донишҷуён гуфторҳо дар васфи Мавлоно, Пешвои муаззами миллат, васфи забон ва ҳифзи ин рукни бебаҳо аз зуҳуроти бегона пораҳои шеърӣ қироат шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ