Нақши Пешвои миллат дар пешгирии падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир
Дар толори факултети филологияи рус ба ифтихори таҷлили Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия бо иштироки устодон ва донишҷӯёни факултет доир гашт.
Коференсияро декани факултет дотсент Шаропова Р.А. ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз муҳимияти таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуд. Сипас, муовини декан оид ба тарбия дотсент Ишматова Ш.А. доир ба нуктаҳои ПаёмиПешвои миллат ва аҳамияти он дар рушди хоҷагии халқ суханронӣ намуд.
Ҳамчунин донишҷӯён доир ба мавзўҳои “Эмомалӣ Раҳмон - марди ҷасуру сулҳовар”, “Нақши Пешвои миллат дар пешгирии падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир” маърӯза намуда, иброз доштанд, ки саҳми Пешвои миллат дар ҷомеа, аз ҷумла расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ басо назаррас аст.
Дар дар қисми фарҳангии конференсия аз тарафи донишҷуён барномаҳои тарбиявию ахлоқӣ, аз ҷумла саҳнача, суруд, рақс, викторина пешкаш карда шуд.
Ташкил ва баргузории чунин конференсияҳо барои тарбияи худшиносиву худогоҳии ҷавонон мусоидат хоҳад намуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил