​Нақши осори арзишманди Пешвои миллат дар тарбияи ҷавонон

Перомуни ин мавзуъ дар факултети забонҳои хориҷӣ бо ташаббуси кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисӣ аз тарафи омӯзгор Зоидова Тахмина мизи мудаввар доир гардид.

Дар чорабинӣ омӯзгорон ва донишҷӯёни курсҳои як ва ду иштирок доштанд. Дар рафти чорабинӣ асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди муҳокима қарор гирифт.

Қайд карда шуд, ки дар асарҳои ҳикматбори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таърихи куҳанбунёди миллати тоҷик то соҳиб гаштан ба давлати соҳибистиқлол ва рушди минбаъдаи кишвар маълумотҳои хуб манзур карда шудааст, ки мутолиаи он ҳар як ҷавони тоҷикро водор месозад, ки дар ҷаҳони пурталотум мавқеи устувори шаҳрвандии худро нигоҳ дорад, дар пешрафт, ободӣ ва суботи мамлакат саҳмгузор бошад.

Бо табодули афкор миёни иштирокчиёни мизи мудаввар ба ҷамъомад ҳусни анҷом бахшида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ