Нақши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар пешрафти илму тахника
Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони “Нақши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар пешрафти илму тахника” конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ доир гардид. Ташаббуси мазкур дар доираи эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва “Бистсоли омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ба роҳ монда шуд.
Ректори донишгоҳ профессор Аюб Усмонзода таъкид дошт, ки пас аз Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маориф ҳамчун як самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ эълон гардид.
“Пешвои муаззами миллат дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи наздиПрезидентиҶумҳурииТоҷикистонбароирушдиилмҳоифизика супориш доданд, ки: “Вобаста ба талаботи иқтисоди миллӣ олимони соҳаи физикаро зарур аст, ки фаъолияти илмии худро дар самти коркарди маводи нав ва кристаллҳои сунъӣ бо истифода аз ашёи хоми ватанӣ барои истифода дар соҳаҳои гуногуни техника ва технология, тақвият додани корҳои илмиву технологӣ дар соҳаи физикаи ҳастаӣ ва татбиқи технологияҳои ин соҳа дар иқтисодиётикишвар,ҳамчунин,нанотехнологиябатавриқатъӣҷоннок намоянд. Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ҳамчун яке аз марказҳои бонуфузи илмӣ ҷиҳати сари вақт роҳандозӣ намудани чунин ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат чорабиниҳои гуногунсатҳро роҳандозӣ намуда, дар ин замина тадбирҳои муҳимеро амалӣ менамояд” – афзуд ректори донишгоҳ.
Таъкид гардид, ки имсол дар донишгоҳи мо 85 солагии дотсент Обидҷонов Ғафурҷон ва 90 солагии Абдуллоев Ҳабибулло ҷашн гирифта мешавад, ки ҳарду ҳамчун устоди фақиди факултети физикаю техника дар таъмини рушди раванди илм хидмати назаррас анҷом додаанд.
“Мақсад аз баргузор намудани конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии мазкур низ дар он аст, ки нақши ҳамин гуна олимон барои ҷомеаи имрӯза тавзеҳ дода шавад ва корҳои дар ин замина анҷомёфта, дар шакли китобҳои алоҳида нашр гардад. Ин амал имкон медиҳад, ки мо аз раванди корҳои илмии якдигар бохабар бошем ва аз он истифода намоем. Барои донишҷӯён ва алоқамандони илми физика ҳосили таҷриба ва ҷӯстуҷӯҳои илмии устодонро пешниҳод созем, ки ин амали хайр метавонад, завқи донишандӯзии донишҷӯёнро боло бардорад” – зикр гардид зимни суханронии ректори донишгоҳ.
Дар идома намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ ,доктори илмҳои физикаю математика, Узви вобастаи Академияи илмҳои Россия Умаров Мақсудҷон суханронӣ намуда, дар мавриди нақши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар пешрафти илму тахника ибрози назар намуданд.
Ҳамзамон, маърӯзаи номзади илмҳои физикаю математика, дотсентШероматов Шавкат дар мавзуи “Мақоми методикаи таълими физика дар тайёр кардани мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ” ва декани факултети физикаю техника Қаюмзода Абдумалик Қаюм дар мавзуи “Саҳми олимони факултети физикаю техника дар тайёр намудани мутахассисони соҳибкасб” шунида шуд.
Маврид ба зикр аст, ки факултети физикаю техника аз факултетҳои калонтарини донишгоҳ ба шумор рафта, айни ҳол дар он 49 нафар устодон фаъолият мебаранд, ки аз онҳо: 16 нафар номзадони илм, дотсентон ва 3 нафар доктори илм, профессор мебошад.
Нашри монографияҳо, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ дар ин факултет хуб ба роҳ монда шуда, дар давоми 6 соли охир наздики 50 номгӯ асарҳои онҳо ба нашр расидаанд. Бояд қайд намоем, ки танҳо дар соли 2024 бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чор адад китоби дарсии устодон барои нашр тасдиқ карда шуд. Устодони факултет дар асоси лоиҳаҳои илмии фармоиши корҳоро амалӣ намуда истодаанд. Аз ҷумла, дар факултет 1 лоиҳаи илмӣ татбиқ гардида, минбаъд низ ин раванд идома дода мешавад.
Маркази иттилоот ва таҳлил