​Нақши ҷавонон дар ҳаёти сиёсии давлат

Дар факултети математика хониши сиёсӣ доир гардид. Дар доираи ин ташаббус мавзуи “Нақши ҷавонон дар ҳаёти сиёсии давлат” мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳадаф аз ин ташаббус таҳкими саводи сиёсии донишҷӯён унвон шуд.

Аз ҷониби омӯзгорони факултет оид ба мавзуи мавриди назар маърузаҳои пурмуҳтаво ироа гардида, донишҷӯён низ фаъолона андешаҳои худро иброз намуданд.

Ҳамзамон, нуктаҳои Паёми Пешвои муаззами миллат марбут ба ҷавонон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ