Накши асарҳои Пешвои миллат дар тарбияи ҷавонон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кулли ҷомеъа, бахусус ба наврасон ва ҷавонон, мояи ифтихор ва намунаи ибрат аст. Зеро Ҷаноби Олӣ дар лаҳзае вориди арсаи сиёсат гардиданд, ки Ватани мо – Тоҷикистон дар роҳи порашавӣ қарор дошт. Аз ҳамон лаҳзаи нахустин, ки ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд қавл доданд «Ман ба Шумо сулҳ меоварам». Воқеан дар натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ, ҷон зери хатар гузошта барои расидан ба Ваҳдати миллии тоҷикон кӯшиш намуданд, ки мо аз он ифтихор мекунем.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз расидан ба мақсади олии хеш, ки таъмини сулҳ ва якпорчагии Тоҷикистон буд, барои тақвият бахшидан ба ин арзишҳои олӣ камари ҳиммат бастанд, зеро барои Ҷаноби Олӣ хеле рӯшан буд, ки чӣ қадар ин сулҳ зарур аст. Ба ин мақсад ҳанӯз соли 1998 китоби пурмуҳтавои худ «Ҷавонон - ояндаи миллат» - ро манзури аҳли назар намуданд, ки дар он нуктаҳои муҳими сиёсати давлатии ҷавонон, мавқеъ, мақоми онҳо дар ҷомеа ва муҳим аз ҳама, ояндаи давлат дар дасти ҷавонон буданаш қайд гардида буд.

Аз лаҳзаи нахустини фаъолият ҳамчун сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон аҳамияти калон зоҳир карда, барои сафарбар намудани онҳо ба роҳи созанда ва бунёдкорона кӯшиш менамуданд. Зеро ояндаи сарзамин дар дасти ҷавонон мебошад ва барои ҳамин ононро дар руҳияи меҳанпарастӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ тарбият менамоянд. Бояд қайд намуд, ки таблиғи омӯзиши мероси таърихӣ дар байни ҷавонон ҷиҳати ташаккули худшиносиву худогоҳии миллӣ аз таваҷҷӯҳи хоси Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Таърихи ниёгони мо пур аз саҳифаҳои қаҳрамонӣ буда, дар натиҷаи мутолиа намудани онҳо ҷавонон нисбати Ватан - Модар нигоҳи дигар пайдо карда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки номбардори гузаштагони хеш бошанд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои худ таъкид месозанд, ки «Ҷавонон бояд номбардори ниёгони хирадманд, сулҳпарвар, эҷодкор ва баору номуси хеш бошанд». Моҳияти ин гуфтаи Пешвои миллат ба хотири ҷалб намудани ҷавонон ба маърифати арзишҳои таърихӣ ва фарҳангии ниёгон ифода меёбад. Зеро таърих инсонро ба роҳи созандагиву бунёдкорӣ, ватандӯстиву масъулиятшиноӣ тарбият менамояд.

Мақоми асарҳои Пешвои миллат дар ҷодаи тарбияи ҷавонон дар натиҷаи мутолиаи асарҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Тоҷикистон дар остонаи фардо», «Ҷавонон ояндаи миллат», «Тоҷикон дар оинаи таърих, Аз Ориён то Сомониён», «Истиқлолият неъмати бебаҳост», «Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо», «Чеҳраҳои мондагор» таъсири хуб дорад.

Хар як хонанда кӯшиш менамояд, амалеро иҷро намояд, ки ба нафъи миллату давлат ва ояндаи дурахшони Ватани азизамон бошад, зеро муаллиф дар асарҳои хеш хислатҳои ҳамидаи инсониро тараннум намуда, ҳамеша манфиати ҷомеа ва давлатро аз манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ боло гузоштаанд. Дар силсилаи асарҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих: Аз Ориён то Сомониён» Ҷаноби Олӣ таърихи миллати куҳанбунёди тоҷикро гирд оварда, доир ба ҳаёт ва фаъолияти онҳо аз замони қадим то ташаккулёбии халқи тоҷик маълумоти пурарзише додаанд. Аҳамияти асар дар ҷодаи баланд бардоштани шинохти миллӣ ва бедор намудани ҳисси масъулиятшиносӣ дар назди Ватан бисёр калон мебошад. Омӯзиши асарҳо хусусан ба насли наврас ва ҷавонон, ки бунёдгарони фардои давлат ва миллат ҳастанд таъсири мусбӣ мегузорад, зеро дар асар корномаи қаҳрамононаи Шерак, малика Томирис, сарлашкар Спитамен, хиради Бузургмеҳр, неҳзати Абӯмуслим ва дигар саҳифаҳои таъсирбахш инъикос ёфтаанд, ки дар натиҷаи мутолиаи асар ва шиносоӣ бо он дар ниҳоди хонанда хислатҳои неки ҳар як қаҳрамон пайдо мегардад ва ба нафъи ҷомеа хидмат менамояд. Тавремедонем ҷамъият аз одамон иборат аст, дар ҷамъият чи қадаре, ки одамони нек, масъулиятшинос, худшинос, меҳанпараст зиёд шавад, он ҳамон андоза солим шуда, рушдаш суръат мегирад.

Асари ҷадиди Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Чеҳраҳои мондагор» доир ба ҳаёт ва фаъолияти қаҳрамононаи бисту панҷ нафар чеҳраи намоёни таърихи Ватан маълумоти хуб медиҳад. Хонанда ҳангоми мутолиаи асари мазкур имкон пайдо месозад, ки доир ба шахсиятҳои варзида ва нобиғаи давр, ба монанди Куруши Кабир, Зардушт, Муҳаммад (с), Имоми Аъзам, Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Мир Сайид Алии ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Бобоҷон Ғафуров, Сотим Улуғзода ва дигарон маълумот пайдо намуда, аз хислатҳои ҳамидаи онҳо ибрат гирифта, зиндагии шоиста намояд. Инсоне, ки аз таърихи ниёгони худ бохабар аст, метавонад вазъияти зуд тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯзаро дарк намояд, ояндаро тасаввур созад. Мақсади сарвари хирадманди мо низ ҳамин аст, ки ҷавонон бояд худогоҳ бошанд, дар ҷаҳони пурталотум мавқеи устувори шаҳрвандии худро нигоҳ дошта, дар пешрафт, ободӣ ва суботи мамлакат саҳмгузор бошанд. Зеро тадқиқот муайян намудааст, ки бештари шомилшудагон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва ҷудоихоҳӣ аз паст будани маърифат мебошад. Пас, ҷавонон ва тамоми қишрҳои ҷомеаро зарур аст, ки аз асарҳои ҳикматбори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат огаҳ бошанд, онҳоро амиқ мутолиа намоянд, зеро дар асарҳо аз таърихи куҳанбунёди миллати тоҷик то соҳиб гаштан ба давлати соҳибистиқлол ва рушди минбаъдаи кишвар маълумотҳои хуб манзур карда шудааст.

Абдувалиева Н.Ю., Мамадова С.Т.- саромӯзгорони кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ