​Нақш ва мақоми Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сарнавишти миллат

Таҳти ҳамин унвон бо ташаббуси устоди кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумии Аҳрорҷон Убайдуллоев бахшида ба 90-солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, 30- солагии Иҷлосияи тақдирсози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети математика конференсияи илмию фарҳангӣ баргузор гардид.

Нахуст, устоди кафедраи педагогикаи умумӣ Аҳрорҷон Убайдуллоев дар мавзуи “Иҷлосияи срнавиштсози миллат” баромад намуда, дар бораи моҳият ва аҳамияти ин санаи таърихиву сарнавиштсози миллат ва нақши асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии давлати навини тоҷикон суханронӣ намуд. Мавсуф ба вижа таъкид намуд, ки дар пойдориву устувории давлату миллат саҳми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хело бузург аст.

Дар идомаи кори Конфронс донишҷӯёни фаъоли курси якуми ( гурӯҳҳои 101б ва 101в) факултети математика дар мавзуъҳои “Иҷлосияи тақдирсоз”, “Ҷавонон дар роҳи созандагӣ”, “90-солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик БобоҷонҒафуров”, “Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуданд.

Баъдан, байни баромадкунандагон ва донишҷӯён муҳокимаи хеле судманд ва пурмӯҳтаво дар фазои озоду ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтирому садоқат ба Ватан, Модар, Президент, Тоҷикистон сурат гирифт.

Қисми дуюми чорабинӣ бо баромади фарҳангии донишҷӯён ҷараён ёфт. Аз тарафи донишҷӯён маърӯзаву гуфторҳо дар васфи Президент, Иҷлосияи тақдирсоз, Нишон, Парчам садо дода, инчунин рақсу суруд ва саҳначаи тарбиявӣ ба намоиш гузошта шуд.

Кори конференсияро Аҳрорҷон Убайдуллоев ҷамъбаст намуда, ба донишҷӯён - иштирокдорон интизоми намунааӣ, хониши аъло, устуворию матонат ва муттаҳидию дӯстдории Ватанро таманно намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ