​Нақш ва мақоми бонувон дар ҷомеа

Бо ташаббуси факултети физикаю техника дар хобгоҳи №3 таҳти унвони “Мақоми зан дар ҷомеа” чорабинии тарбиявӣ гузаронида шуд.

Ба кори чорабинӣ Парвиз Пулотов-декани факултет ҳусни оғоз бахшида, доир ба мақом ва мавқеи бонунвон дар ҷомеа ибрози назар намуд. Зикр шуд, ки зан дар оилаи тоҷикон ҳамеша нақши асосӣ дошт ва дорад. Зеро иффату зебоӣ, фурӯтаниву маърифатнокӣ хоси зан буда, ба зиндагии аҳли башар таровату покизагӣ мебахшад.

Сипас, аз тарафи устодони факултет роҷеъ ба мавзӯи мавриди назар суханрониҳои пурмуҳтаво шуд.

Баъдан, донишҷӯён бо қироати шеъру суруд ва саҳнаҳои тарбиявӣ ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ