​Мутахассисони ҷавон ба лагери омӯзишӣ фаро гирифта шуданд

30 нафар мутахассисони ҷавон ва аъзоёни маҳфилҳои таҳлилӣ – иттилоотии назди раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Гулистон ба лагери омӯзишӣ-фароғатӣ ҷалб шуданд.

Ректори донишгоҳ проффесор Усмонзода Аюб Ислом зимни мулоқот бо иштирокчиёни лагер таъкид намуд, ки ташаббуси мазкур дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии мутахассисони ҷавон ба роҳ монда шуд.

Гуфта шуд, ки раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати мамлакат тадбирҳои зарурӣ ба роҳ монда, баҳри тарбияи кадрҳои лаёқатманд ва омода намудани мутахассисони ҷавони ҷавобгӯ ба талаботи бозори ҷаҳонии меҳнат мунтазам ташаббус менамояд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи лагери мазкур байни иштирокчиён озмунҳои гуногуни маърифатӣ ва ҳунарӣ ташкил шуда, ҷиҳати таҳкими дониш ва сатҳи маълумотнокии онҳо чорабиниҳои мухталиф гузаронида мешавад.

“Тадбири мазкур имкон фароҳам меорад, ки ҷавонони донишгоҳ ба ҳам омада, донишу таҷрибаи хешро табодул намоянд ва бо нерӯи тоза ва ҳисси худшиносии баланд баҳри пешрафти донишгоҳ саҳми муассир гузоранд”- таъкид намуд Хайёмиддин Исмоилов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ.

Хотиррасон менамоем, ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баҳри ҳавасмандкунии ҷавонон як қатор иқдоми судманд амалӣ мешавад, ки ташкили чунин сафарҳои сайёҳатӣ ва лагерҳои омӯзишӣ аз зумраи онҳост.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ