​Мусобиқаҳои варзишӣ миёни донишҷӯёни донишгоҳ

Бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ ҷиҳати ҷалби донишҷӯёни факултетҳо ба варзиш мусобиқаи футбол оғоз гардид.

Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа муовини ректор оид ба тарбия Аюб Усмонзода иштирок намуда, дар бораи ҳадафи ташкил ва гузаронидани мусобиқа дар байни омӯзгорон сухан намуд.

Гуфта шуд, ки иқдоми мазкур бо мақсади оммавигардонии варзиш, баланд бардоштани сатҳи маҳорати варзишӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва тарзи ҳаёти солим ва ҳифзи солимии устодони донишгоҳ роҳандозӣ шуда, дар он устодону кормандони факултетҳо бо ҳам қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Иттилоъ дода шуд, ки дар мусобиқа 18 даста иштирок намуда, ғолибон бо ҷом, диплом ва туҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ сарфароз хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи мазкур аз 1-ум то 6-уми ноябри соли равон идома мекунад.

Макази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ