​Мусобиқаҳои варзишӣ барои дарёфти “Ҷоми 90-солагӣ”

Бахшида ба 30 - солагии Иҷлосияи 16 - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90 солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз 18 октябри соли равон мусобиқаи футболи хурд байни донишҷӯписарон ва волейболл байни донишҷӯдухтарон барои дарёфти “Ҷоми 90-солагӣ” оғоз гардид.

Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа ректори донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб Ислом ширкат намуда, дар бораи ҳадафи ташкил ва гузаронидани мусобиқа суханронӣ намуд.

Гуфта шуд, ки иқдоми мазкур бо мақсади оммавигардонии варзиш, баланд бардоштани сатҳи маҳорати варзишӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва тарзи ҳаёти солим дар донишгоҳ роҳандозӣ шуда, дар он донишҷӯёни ҳамаи факултетҳо байни ҳам қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Иттилоъ дода шуд, ки дар мусобиқа 17 даста аз рӯи намуди футболи хурд байни донишҷӯписарон ва 17 даста аз рӯи намуди волейбол байни донишҷӯдухтарон қувваозмоӣ хоҳанд кард. Ғолибон бо “Ҷоми 90-солагӣ”, медалу сипосномаҳо, диплом ва туҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ сарфароз хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи мазкур аз 18-уми октябр то 1-уми ноябри соли равон идома мекунад.

Макази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ