Мусобиқаҳои варзишӣ байни устодону кормандон ва донишҷӯён

Аз 10-уми октябр то 10-уми ноябри соли 2023 бахшида ба 32 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади баланд бардоштани сатҳи муҳорати варзишӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва тарзи ҳаёти солим, интихоб намудани тими донишгоҳ баҳри иштирок дар мусобиқаҳои варзишии шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ байни устодон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида мешаванд.

Ғолибони мусобиқа ва аз ҳар як намуди варзиш як нафар иштирокчии беҳтарин бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ