​Мусобиқаи шоҳмот: беҳтаринҳо қадр шуданд

Миёни донишҷӯёни соли чоруми факултети математика мусобиқаи шоҳмот гузаронида шуд. Ин иқдом дар доираи эълон шудани “Бистсолаи рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва ба муносибати 30 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки мусобиқаи мазкур дар доираи таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 воқеъ дар шаҳри Хуҷанд роҳандозӣ шуда, бо ташаббуси роҳбар-методистон Собитов Мазбутҷон ва Шарипова Фотима сурат гирифт.

Хабар дода шуд, ки дар ҷараёни мусобиқа мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ Назирҷон Пӯлотов ва як қатор устодони донишгоҳ - Мирзохӯҷаев Музаффар, Шарипов Шодимурод ва дигарон ширкат намуданд.

Дар маҷмуъ, ба шаш нафар иштирокчиён мақоми ифтихорӣ сазовор дониста шуда, ғолибон бо Ифтихорномаи ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразода ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ