Мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Хуҷанд

Бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд дар Муассисаи давлатии "Қасри варзиш"-и шаҳри мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд байни омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии шаҳри Хуҷанд барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Хуҷанд оғоз гардид.

Дар мусобиқаи мазкур 8 даста аз муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбии шаҳр иштирок ва байни ҳам қувваозмоӣ намуда истодаанд.

Дар даври аввал дастаи мунтахаб Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо дастаи мунтахаби Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд қувваозмоӣ намуда, бо ҳисоби 4:3 ҳарифро мағлуб намуд. Ҳамчунин, дар даври дигари мусобиқа мунтахаби ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо дастаи Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд қувваозмоӣ намуда, бо ҳисоби 14:4 ғолиб омада, ба даври ниманиҳоии мусобиқа роҳ ёфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ