​Мусобиқаи футболи хурд байни устодону кормандон

Бахшида ба 30 - солагии Иҷлосияи 16 - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президент ва 90 солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз 11 ноябр то 15 ноябри соли равон мусобиқаи футболи хурд байни кормандону устодони донишгоҳ, барои дарёфти “Ҷоми 90-солагӣ” оғоз гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки иқдоми мазкур бо мақсади оммавигардонии варзиш, баланд бардоштани сатҳи маҳорати варзишӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва тарзи ҳаёти солим ва ҳамчунин таҷлили шоистаи ҷашнҳои таърихӣ дар донишгоҳ роҳандозӣ шуда, дар он кормандони раёсати донишгоҳ, ҳамаи факултетҳо ва кафедраҳои умумидонишгоҳӣ байни ҳам қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Дар мусобиқа 16 даста аз рӯи намуди футболи хурд байни ҳам рақобат намуда, ғолибони бо “Ҷоми 90-солагӣ”, диплом, ифтихорнома, медалу сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ сарфароз хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи мазкур аз 15-уми ноябр ҷамъбаст мегардад.

Макази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ