​Муовини вазири маориф ва илм аз лабораторияи студияи таълимӣ-телевизионии “Фурӯғ” дидан намуд

Субҳи имрӯз, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, аз лабораторияи студияи таълимӣ-телевизионии “Фурӯғ” дидан намуд.

Ба муовини вазири маориф ва илм, Абдулхолиқзода Лутфия иттилоъ дода шуд, ки студия фаъолияти амалии худро дар самтҳои таълим, илм ва инноватсия, тарбия, робитаҳои байналхалқӣ, молиявӣ ва иқтисодӣ ба роҳ мондааст. Соли 2022 ҷиҳати пур намудани фазои иттилоотӣ зиёда аз 255 матлаби гуногуни видеоӣ тариқи телевизионҳо манзури тамошобинон гардид, ки дар онҳо муҳимтарин дастовард ва рӯйдодҳои Донишгоҳ инъикос ёфтааст. Гуфта шуд, ки ҳоло шумораи барномаҳои студия ба 7 адад расидааст, ки самтҳои мухталифи фаъолияти донишгоҳро инъикос мекунад.

Аз ҷумла барномаҳои “Хуршеди беғуруб”, “Интихоб”, “Андеша”, “Ифтихор”, “Чароғи маърифат”, “Дурнамо”, “Пайки маърифат” моҳе як маротиба омода гашта тариқи телевизионҳои маҳаллӣ “СМ-1”, “7-ситора”, “Танин”, “Суғд HD” пахш мегардад.

Дар интиҳо Абдухолиқзода Лутфия аз шароиту имкониятҳои студияи “Фурӯғ” изҳори қаноатмандӣ намуда, таъсиси лабораторияи замонавиро ҷиҳати тарбияи кадрҳои лаёқатманди соҳаи рӯзноманигорӣ муҳим маънидод намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ