Муҳокимаи машғулиятҳои таҷрибаомӯзон
Донишҷӯёни курси 4 гурӯҳи 402 ихтисоси “дизайн (графикӣ)”-и факултети санъати тасвирӣ ва тенхнология таҳти роҳбарии муаллими кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълим Фарҳод Яҳёев дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 49-и ноҳияи Б.Ғафуров бомуваффақият ташкил ва гузаронида истодаанд.
Дар муассисаи мазкур барои таҷрибаомӯзи шароитҳи мусоид фароҳам оварда шуда, гӯшаи таҷрибаомӯзон бо ороиши хуб бо ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозимӣ ва гӯшаи методӣ бо ҳамаи маводи зарурӣ мавҷуд буд. Дарсҳо аз фанҳои нақшакашӣ ва санъати тасвирӣ ба таҷрибаомӯзон тақсим карда шуда, нақшаҳои дарсӣ пурра бо услули салоҳиятнокӣ ба роҳ монда шудаанд.
Ҳамчунин пас аз анҷоми машғулият таҳлил ва муҳокимаи дарсҳои ҳамроҳи роҳбарон ва масъулини шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ба роҳ монда шуда, ба таҷрибаомӯзон баҳри боз ҳам дар сатҳи баланд ташкил намудани дарсҳо машваратҳои педаогӣ дода мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки донишҷўён барои гузаронидани таҷрибаомўзӣ ҳаматарафа кўшиш ба харҷ дода, корҳои ба нақша гирифташударо бо сифати баланд, гузаронида истодаанд.
Маркази иттилоот ва таҳлил