​Муҳокимаи масъалаҳои марбут ба кори бонкӣ

Бо ибтикори кафедраи кори бонкӣ конференсияи илмӣ-анъанавии устодон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, 90-солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд” ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Рӯзи илми тоҷик баргузор гардид.

Конфронсро декани факултети иқтисодӣ дотсент Нуриддинова Манзура ифтитоҳ бахшид.

Ќайд гардид, ки устодони факултети иқисодӣ баҳри амалисозии дастуру супоришҳои Сарвари давлат мунтазам кӯшиш намуда, дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисос барои хоҷагии халқи мамлакат ҳиссаи арзишманд мегузоранд.

Дар чорабинии илмӣ ҳамаи устодони кафедра иштирок ва маърӯза намуданд. Аз ҷумла, перомуни мавзуъҳои “Асосҳои назариявии ташкили раванди қарз дар бонкҳои тиҷоратӣ”, “Танзими давлатии рушди бозори сармоя дар шароити бозор”, “Дигаргуншавии сохтори низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати босуботии молиявӣ” маърӯзаҳои пурмуҳтаво шунида шуд.

Дар маҷмӯъ 7 маърӯза аз ҷониби устодони кафедраи кори бонкї ироа гардид. Дар интињои конференсия мавзӯъхо аз љониби иштирокчиён мавриди муњокима ва баррасї ќарор гирифтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ