Мулоқот бо мақсади тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ

Бо намояндагони Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд вохӯрӣ бо устодону донишҷӯён дар факултети физикаю техникаи Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”ташкил ва гузаронида шуд.

Дар вохӯрӣ кормандони шуъбачаи ташвиқот ва тартиботи шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд - майори милитсия Фахриддини Аваззод, капитанҳои милитсия Ашӯр Ашӯров ва Ҷаҳонгир Ҳакимзода иштирок доштанд.

Мулоқот бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, аз қабили пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳоииртиҷоӣ, ҳуқуқвайронкунӣ, риояи қоидаҳои тартиботи роҳдар байни ҷавонон, ва ба ин васила, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва одоби ҳамидаи инсонӣ ҷараён гирифт.

Майори милитсия Фахриддини Аваззод, капитанҳои милитсия Ашӯров Ашӯр ва Ҳакимзода Ҷаҳонгир баромад намуда, бо устодон ҷиҳати пойдории сулҳу субот, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагонии мардум, тарбияи насли наврас, тайёр кардани мутахассисон вобаста ба шароити иқтисоди бозор ва ғайра табодули афкор намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ