Мулоқоти Усмонзода Аюб бо устодони факултети филологияи тоҷик
Субҳи имрӯз ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Усмонзода Аюб ба факултети филологияи тоҷик ташриф оварда, ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо устодон мулоқот доир намуданд.
Роҳбари донишгоҳро муовини ректор оид ба таълим профессор Абдуфаттоҳ Раҳимов ҳамроҳӣ намуда, бо декани факултет дотсент Муҳаббат Тиллохоҷаева, муовинони декан, мудири кафедраҳо ва ҳайати устодони собиқадор мулоқоти озод анҷом доданд.
Нахуст профессор Усмонзода Аюб иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазири маориф ва илм ва Раиси вилоятро дар самти омода кардани мутахассисони баландихтисос, хосатан кадрҳои соҳаи омӯзгорӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ба роҳ мондани усулҳои фаъоли таълим ва истифодаи технологияи навин дар ҷараёни машғулиятҳоро иброз дошта, афзуд, ки ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта аз амалҳои саривақтии устодон маҳсуб меёбад.
Баъдан профессор Неъматҷон Файзуллоев, декани факултет дотсент Муҳаббат Тиллохоҷаева бо ҷонибдори аз сиёсати хирадгароёна ва маорифпарваронаи Пешвои миллат ибрози андеша намуда, қайд намуданд, ки дастуру супоришҳои зикршударо дар раванди таълим амалӣ намуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда чораҳои зарурӣ меандешанд.
Маркази иттилоот ва таҳлил