Мулоқоти хатмкунандагон бо ректорони муассисаҳои олии вилоят
Дар доираиҷадвали тасдиқнамудаи Раиси вилояти Суғд санаи 10-уми феврали соли 2023 дар маҷлисгоҳи мактаби хонандагони болаёқати ҷамоати Хистерварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо мақсади ҷалби довталабон ба ихтисосҳои Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” барои соли таҳсили 2023-2024 вохӯрии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят баргузор гардид.
Дар мулоқот беш аз 250 нафар хатмкунандагони ҷамоати Хистеварз ширкат варзиданд.
Вохӯриро муовини раиси ноҳия, Турсунзода Дилором ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз ҳадафи мулоқоти имрӯза ёдовар шуд. Сипас, ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров. профессор Усмонзода Аюб Ислом оид ба таҳсил дар донишгоҳ, номгӯи ихтисосҳо, имкониятҳои мавҷуда ва базаи моддиву техникии Донишгоҳ маълумот дод.
Зимни мулоқот зикр шуд, ки рамзи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 109 сабт гардидааст, ки хатмкунандагон бо интихоби яке аз ихтисосҳо, ба гирфтани унвони донишҷӯӣ сазовор гашта, дар оянда баҳри пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар саҳми мегузоранд.
Дар интиҳои мулоқот хатмкунандагон ба роҳбарони муассисаҳои олӣ суолҳои худро пешниҳод намуда, посухҳои қонеъкунанда гирифтанд.
Маркази иттилоот ва таҳлил