​Мулоқоти донишҷӯён бо журналистони саршинос

Бо ташаббуси садорати Китобхонаи илмии донишгоҳ бо собиқадорони матбуоти тоҷик ва сармуҳаррирони як қатор нашрияҳои вилоятӣ мулоқот доир гардид. Ин иқдом ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик, ки ҳамасола дар таърихи 11 март таҷлил мегардад, роҳандозӣ шуд.

Дар мулоқот журналистони саршинос - Неъматулло Мирсаидов, Карим Шариф, Солеҳи Зарифзод, Илҳом Ҷамолиён, Исақҷон Зокиров, Фарҳод Ҷӯраев ва Шоира Салимова иштирок карданд.

Таърихи пайдоиши матбуоти тоҷик, нақши “Бухорои шариф” дар таъсис ва ташаккули матбуот, ҷойгоҳи матбуот дар шароити феълӣ, сеҳри қалам ва сухан аз мавзуъҳои асосие буданд, ки дар доираи мулоқот перомуни он андешаҳо ироа шуданд.

Иштирокчиёни мулоқот, ки донишҷӯёни ихтисосҳои гуногун буданд, доир ба аҳамият ва таъсири воситаҳои ахбори омма дар ташаккули афкори ҷомеа суолҳо дода, аз собиқадорони соҳа посухҳои мушаххас гирифтанд.

Ҳамзамон, ба се нафар донишҷӯёни фаъол, ки ба суолҳои собиқадорони матбуот посухи дуруст доданд, туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Дар фарҷом Дилбар Самадова, директори Китобхонаи илмӣ ба собиқадорони матбуот ҷиҳати иштирок дар мулоқот изҳори сипос намуда, ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик табрик гуфт.

Хотиррасон менамоем, ки бахшида ба 110 солагии матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров силсилаи ташаббусҳои судманд идома дорад, ки ташкили чунин мулоқоту конфронс ва чорабиниҳои адабиву фарҳангӣ аз зумраи ҳамин ибтикор аст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ