Мулоқот: тарғиби арзишҳои маънавӣ
Дар хобгоҳҳои 1,2,3 ва 9-и донишгоҳ бо иштироки муовини ректор оид ба тарбия Маҳмудзода Бахтиёр мулоқот доир гардид. Ташаббуси мазкур ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи иқомат ва будубоши донишҷӯён дар хобгоҳҳо сурат гирифта, дар доираи он масоили марбут ба риояи низомномаи хобгоҳ, таъмини тозагӣ, истифодаи самараноки шабакаҳои иҷтимоӣ, пешгирӣ аз гароиш ба ақида ва фарҳанги ғайр, мубориза бо хурофотпарастӣ ва зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла терроризму экстремизм мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Маврид ба таъкид аст, ки мулоқоти мазкур наздик 600 нафар донишҷӯёнро фаро гирифта, дар доираи он инчунин иштироки донишҷӯён дар озмуну олимпиадаҳо муҳокима шуданд.
Мулоқот бо суолу ҷавоб ва табодули афкор анҷом пазируфт.
Маркази иттилоот ва таҳлил