​Мулоқот: таъмини тартибот дар хобгоҳҳо

Омӯзгорони факултети филологияи рус дар хобгоҳҳои №2 ва 3 бо донишҷӯён мулоқот анҷом доданд.

Доир ба мавзуъҳои умдаи ҷомеа суҳбат сурат гирифта, омӯзгорон ба донишҷӯён дар мавриди истифодаи самараноки вақт, фарҳанги истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуб маълумот доданд.

Ҳадаф аз ин ташаббус огоҳ намудани донишҷӯён бо тартибот ва қоидаҳои иқомат дар хобгоҳҳо, баланд бардоштани зиракии сиёсӣ ва пешгирӣ аз падидаҳои номатлуб унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ