​Мулоқот: Пайдоиши ва роҳҳои пешгирӣ аз бемории сироятии ВНМО

Бахшида ба бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО -ВИЧ/СПИД) дар факултети психологияи ва таҳсилоти томактабӣ бо иштироки устодону донишҷӯён мулоқот баргузор гардид.

Декани факултет дотсент Муқаддас Шарифиён бакори чорабинӣ оғоз бахшида, аз ҳадафҳои мулоқот ёдовар шуд. Баъдан мудири шуъбаи арзёбӣ ва баҳодиҳии Маркази пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО дар вилояти Суғд Ҷамолиддин Сайфуллоев доир ба пайдоиши бемории сироятии ВНМО ва роҳҳои сироятёбии он ибрози назар намуд. Зикр шуд, ки Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи муқовимат бо Вируси норасоии масунияти одам ва Бемории пайдошудаи норасоии масуният» аз 28 декабри соли 2005 қабул гардидааст. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии амалӣ намудани маҷмўи чорабиниҳои муқовимат ба паҳншавии Вируси норасоии масунияти одам ва Бемории пайдошудаи норасоии масуниятро танзим менамояд. Он ҷиҳати пешгирии паҳншавии сироятпазирии Вируси норасоии масунияти одам, кам кардани таъсири мубталошавӣ ба беморӣ, расонидани ёрии тахассусии тиббӣ ба шахсони мубталои Вируси норасоии масунияти одам ва Бемории пайдошудаи норасоии масуният ва сабук гардонидани оқибати он барои ҳар кас ва тамоми ҷомеа нигаронда шудааст.

Зимни мулоқот бо донишҷӯён суҳбати ошкоро барпо гардида, оид ба сабабҳои сар задани бемории ВНМО маълумотҳои мушаххас оварда шуд. Таъкид рафт, ки вируси норасоии масунияти одам ва Бемории пайдошудаи норасоии масуният (ВНМО/БПНМ) давоми 40 соли охир ба мушкилии асосии аҳли сайёра табдил ёфтааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ