​Мулоқот: Паёми Пешвои миллат - рамзи давлати соҳибистиқлол

Дар толори раёсати Донишгоҳмулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳ ҷараён гирифт. Дар вохӯрӣ ректори донишгоҳ Усмонзода Аюб ва муовини раиси шаҳри Хуҷанд Набизода Ҷамшед иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, ректори Донишгоҳ суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки Паём-ин санади муайянкунандаи самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии ҷумҳурӣ буда, соҳибистиқлол будани давлатро собит месозад. Агар истиқлол муқаддастарин дастовард, неъмати бебаҳо, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаободию саодатмандӣ, суботу осоиштагӣ ва неруи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо бошад, пас Паёми Пешвои миллат низ яке аз муҳимтарин рамзҳои давлати соҳибистиқлоли маънидод гардид.

Сипас Масума Муинӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нуктаҳои Паёмро шарҳу тавзеҳ дода, роҷеъ ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, хидматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат дар роҳи бунёдкориву созандагӣ, арзиши истиқлолу ваҳдат ибрози назар намуд. Қайд гардид, ки Истиқлоли миллӣ воқеан дастоварди бузургу беназири таърихист, ки ба талошу пайкорҳои Асосгузорисулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи соҳибистиқлолӣ таҳким ёфта, кишвари моро узви анҷумани кишварҳои олам гардонид.

Дар идомаи мулоқот муовини раиси шаҳри Хуҷанд низ перомуни мавзуи баррасигардида ибрози назар намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ