​Мулоқот: омӯзиши асарҳои Пешвои миллат

Бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ ҷиҳати омӯзиши асарҳои Пешвои миллат бо донишҷӯёни ихтисосҳои гуногун мулоқоту суҳбат идома дорад.

Ин навбат низ ин иқдом ба роҳ монда шуда, дар доираи он ба донишҷӯён оид ба асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот манзур гардид.

Мудири кафедра Абдунаим Бердишукуров доир ба аҳамият ва муҳтавои “Чеҳраҳои мондагор” ибрози назар намуд.

Аз донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки китоби мазкурро мутолиа намоянд, зеро он ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва таҳкими саводи ҷавонон дар самти таърихи халқи тоҷик нақши муассир дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ