​Мулоқот: Оилаи солим – ҷомеаи солим

Бо чунин унвон дар хобгоҳи №2 бо иштироки занони барӯманди вилоят, собиқадорони соҳаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва аъзои фаъоли Шӯрои занони вилоят мулоқот сурат гирифт. Ташаббуси мазкур ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила роҳандозӣ шуд.

Дар доираи ин чорабинӣ доир ба омилҳои мустаҳкам намудани пояҳои оиладорӣ маърӯзаҳо шунида шуд.

Ҳамзамон, аз ҷониби донишҷӯён шеъру гуфтор қироат шуда, саҳнаҳои тарбиявӣ намоиш дода шуд.

Хотиррасон менамоем, ки тибқи нақшаи Шӯрои кор бо занони донишгоҳ аз сани 25 апрел то 15 майи соли равон бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила бо намояндагони оилаҳои барӯманд, табибони оилавӣ ва равоншиносони касбӣ силсилаи чорабиниҳо доир мегардад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ