​Мулоқот: мубориза бо таҳдидҳои муосир

Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки намояндаи КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд ва ҷалби устодону донишҷӯён мулоқот доир гардид.

Мулоқотро Набизода Мирзотоҳир Сайфидин, муовини ректор оид ба тарбия ифтитоҳ бахшида, ҳадаф ва мақсади ин иқдомро шарҳ дод.

Иттилоъ дода шуд, ки мулоқот ба мавзуи “Хатарҳои терроризм ва экстремизм ба сохти давлатдории дунявӣ” бахшида шуд.

Набизода Мирзотоҳир доир ба таҳдидҳои муосири ҷомеаи ҷаҳон ибрози назар намуда, аз пайомадҳои нохуши зуҳуроти номатлуб таъкид дошт.

Зикр гардид, ки терроризм ва экстремизм аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрўза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зўроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Дар идома муовини сардори шуъбаи мубориза бар зидди терроризми РКДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Шарифзода Абӯбакр Қурбон доир ба моҳияти тероризм ва экстремизм суханронӣ намуд.

Гуфта шуд, ки моҳияти амалҳои созмонҳои террористиро таҳлил намуда, қазоват намудан мумкин аст, ки мақсади онҳо нобуд ё аз байн бурдани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, поймол кардани таъмини сулҳу субот ва амнияти байналмилалию минтақавӣ, ба дунёи ваҳшоният табдил додани давлат ба ҳисоб меравад.

Баъдан Раиси собиқадорони ҷангу меҳнати донишгоҳ дотсент Шарипов Шавкат доир ба пурқувват намудани мубориза бо таҳдидҳои муосир суханронӣ намуда, зикр дошт, ки дар роҳи мубориза бо ингуна равияву ташкилотҳои хусусияти иртиҷоидошта бояд аз хурд то бузург саҳмгузор бошем.

Аз ҷавонон даъват шуд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар самти мубориза бо терроризм ва экстремизм дониш ва нерӯи худро сафарбар намоянд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ