​Мулоқот: Мубориза алайҳи падидаҳои номатлуби ҷомеа

Дар факултети филологияи рус бо намояндаи Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷӯразода Толиб мулоқот баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузори мулоқоти мазкур пешгирии падидаҳои номатлуб миёни ҷавонон ва ҷомеа маҳсуб меёбад. Дар мулоқот Толиб Ҷӯразода - капитани хизмати назорати маводи нашъаовар суханронӣ намуд.

Мавсуф қайд намуд, ки нашъамандӣ падидаи зараровари ҷомеаи инсонӣ ва мушкилоти умумиҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва пешгирии нашъамандӣ ифродгароӣ, муқовимат бо терроризм ва экстремизм дар ҷумҳурӣ яке аз самт ҳои асосии сиёсати стратегии давлат мебошад.

Зикр гардид, ки тибқи омори расмӣ то 1 июли соли 2021 дар ҷумҳурӣ 5003 нафар нашъаманд ба қайд гирифта шудааст, ки аз инҳо 109 нафараш зан мебошад.

Зимни мулоқот аз иштирокдорон хоҳиш ба амал оварда шуд, ки бо падидаҳои номатлуби ҷомеа муборизаи беамон баранд ва нагузоранд, ки дар миёни ҷавонону ҷомеаи кирдорҳои ношоями инсонӣ рушд кунад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ