​Мулоқот: мавзуъҳои умдаи ҷомеа баррасӣ шуданд

Намояндагони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо омӯзгорону донишҷӯёни факултети таърих ва ҳуқуқ мулоқот гузарониданд. Ҳадаф аз ин иқдом баррасии мавзуъҳои мубрами ҷомеа ва пешгирӣ аз зуҳуротҳои номатлуб унвон мешавад.

Перомуни мавзуъҳои болозикр корманди Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, капитани хизмати назорати маводи нашъаовар Ҷӯразода Толиб Олим ва корманди Раёсати миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ дар вилояти Суғд Баҳоваддинов Баҳоваддин ибрози назар намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир 4 барномаи давлатӣ оид ба назорати маводи нашъаовар қабул карда шудааст. Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 882 нафар нашъаманд ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 22 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд.

“Сатҳи нашъамандӣ дар ҷумҳурӣ 2,5 дарсад кам шуда бошад, ҳам ин шумора ҳоло низ боиси нигаронист. Тибқи маълумотҳо имрӯз маблағе, ки аз ҳисоби фурӯши маводди мухаддир ба даст меояд сарчашмаи маблағгузории гурӯҳҳои ифротию террористӣ ба ҳисоб меравад”-зикр шуд зимни мулоқот.

Ҳамзамон, миёни масъулин ва донишҷӯён суолу ҷавоб сурат гирифт.

Декани факултети таърих ва ҳуқуқ, номзади илмҳои таърих, дотсент Ҷабборов Иброҳим барои намояндагони Раёсат ҷиҳати иштирок дар мулоқоти судманд изҳори сипос намуд.


Сафаралӣ Сангинов,

аъзои маҳфили “Нерӯи сухан”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ