​Мулоқот: Маърифати ҳуқуқӣ – кафили таҳкими амнияти ҷомеа

Дар факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ бо намояндагони Раёсати ВКД Чумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мулоқот доир гардид. Дар мулоқоти мазкур подполковники милитсия Шодизода ва Файззода иштирок намуданд.

Дар доираи ин ташаббус масъулин дар мавриди таҳдиди муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, хатар ва пайомадҳои он баромад намуданд. Ҳамзамон, роҳҳои мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Мулоқоти мазкур дар доираи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” роҳандозӣ гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ