​Мулоқот бо хатмкунандагони ноҳияи Деваштич

Имрӯз, 20-уми феврали соли 2024 дар доираи мулоқоти роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Деваштич дотсент Фаридун Ҳодибоев ҳамчун намояндаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров доир ба имконияту имтиёз, базаи моддиву техникӣ ва шароити таҳсил дар донишгоҳ маълумот дод.

Ба хатмкунандагон оид ба теъдоди факултет, кафедра, ихтисос, биноҳои таълимӣ, сатҳи таълим, сифати таҳсилот, устодони соҳибунвон, гурӯҳҳои русиву англисӣ ва ӯзбекӣ маълумоти муфассал дода шуд.

Гуфта шуд, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дорои 8 бинои таълимӣ буда, фаъолияти он дар 18 ва 85 кафедра ба роҳ монда шудааст. Ҳоло дар Донишгоҳ аз рӯи 99 ихтисос дар шуъбаи рӯзона ва аз рӯи 35 ихтисос дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ дар асоси нақшаҳои таълимӣ таҳсил ҷараён дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар донишгоҳ теъдоди омӯзгорон – 904 нафаррро ташкил дода, аз ин шумора 53 нафар доктори илм, профессор, 413 нафар номзади илм, дотсент, 413 нафар сармуаллиму муаллим фаъолият менамоянд, ки 51,7%-и теъдоди умумии омӯзгоронро устодони соҳибунвон ташкил медиҳанд.

Довталабон дар бораи шумора ва шароити лабораторияҳо, осорхона, синфхонаҳои таълимӣ, гербарий, дар маҷмуъ иқтидори донишгоҳ суолҳо манзур намуданд, ки ба он аз ҷониби намояндаи Донишгоҳ посухи муфассал пешниҳод гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ