​Мулоқот бо довталабон ҷиҳати муаррифии донишгоҳ

Як гуруҳ устодони кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Исфара бо довталабон мулоқот анҷом доданд.

Ин иқдом ҷиҳати муаррифии ихтисосҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба роҳ монда шуд.

Чунин мулоқот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №52, №69, №17, №16, №30, №5 ва №6-и шаҳри Исфара баргузор гардид.

Ба хатмкунандагон доир ба таърихи таъсис ва фаъолияти донишгоҳ, имконият ва имтиёзҳо барои довталабон маълумоти муфассал дода шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ