​Мулоқот бо донишҷӯёни хориҷӣ

Дар толори раёсати донишгоҳ бо иштироки донишҷӯён - шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон мулоқоти намояндагони Агентии кор бо ҷавонони назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Иттиҳодияи ҷаҳонии ҷавонони Ӯзбекистон - Кенҷаев Камронбек Уйғун ӯғли ва Абдуллоев Асилбек Ахрорҷон ӯғли баргузор гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар чорабинии мазкур 175 нафар донишҷӯён шикат варзиданд.

Исроилов Ихтиёр, муовинисардориРаёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғдмулоқотро ифтитоҳ бахшида, ҳадаф ва мақсади ин ташаббусро шарҳ дод.

Дар доираи мулоқот як қатор масъалаҳо, аз ҷумла бо ҷойи кор таъмин намудани донишҷӯён баъд аз хатм, баробарарзишии диплом, эътибор додан ба намуди зоҳирӣ, риоя намудани қоидаҳои зиндагонӣ дар қаламрави Ҷумхурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ