Мулоқот бо донишҷӯён дар хобгоҳҳои донишгоҳ
Омӯзгорони кафедраи назария ва методикаи тарбияи томактабии факултети психология ва таҳсилоти томактабии факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ ба хобгоҳҳои 1, 2 ва 3 ташриф оварда, аз шароити буду боши донишҷӯён огоҳ шуданд.
Дар доираи ин ташаббус доир ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак”, Дастурамали либосҳои тавсиявӣ, рукнҳои Консепсияи миллии тарбия, тарбияи хештаншиносӣ, худогоҳии миллӣ, тарбияи меҳнатдӯстӣ, зебоипарастӣ, тарбияи экологӣ ба донишҷӯён маълумот дода шуд.
Инчунин дар рафти аз назар гузаронидани ҳуҷраҳои истиқоматии донишҷӯён аз ҷониби омӯзгорон ба донишҷӯён оид ба тартибот ва риояи Низомномаи хобгоҳ, доир ба тозаву озода нигоҳ доштани ҳуҷраи шахсӣ маслиҳатҳои муфид дода шуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил