Мулоқот: Ҷавонон ва муаммоҳои ҷомеаи муосир

Дар факултети Телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров вохӯрии муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фирдавс Фахридинзода бо донишҷӯён баргузор гардид.

Дар мулоқот масъалаҳои дониш, сару либос, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зикр гардид, ки давлату ҳукумат аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба нерӯи ҷавонон такя намуда, ин қишри ояндасозро пайваста дастгирӣ намуда меояд. Фирдавс Фахриддинзода афзуд, ки дар робита ба ин имрӯз наврасону ҷавонони мо бо истифода аз имкониятҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам оварда истодааст, илмҳои замони муосирро аз худ намуда, ба корҳои навоварию ихтироъкорӣ бештар рӯй овардаанд. Зеро ҷавонон таҳкими неруи давлат ва ояндаи миллат мебошанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ