​Муқовимат бо тундравӣ ва ифротгароӣ

Дар мақолаи мазкур кўшиш менамоем перомуни мафҳуми тундравӣ ва тундгароӣ чанд андешаи хешро баён созем. Доир ба масъалаи тундравӣ ва ифротгароӣ дар матбуоти илмӣ ва оммавӣ баҳсу мунозираҳо оѓоз шуда буданд вале, ин мафҳум ба мардуми тоҷик ошно набуд. Вақте, ки мо дар бораи ифротгароӣ сухан меронем, ҳамон калимаи тундравӣ дар назар дошта мешавад. Ин мафҳум аз рўи моҳияти худ, маънои ҳодисаҳои хатарнок дошта, одамон онро шунида, дар онҳо ҳамон замон ҳисси хатар, эҳтиёт ва инкор зоҳир мешавад.

Истифодаи истилоҳи «Ифротагароии динӣ», ё ки ба ин ё он дин мансуб донистани ин зуҳурот, сабаби пайдоиши норозигӣ ва тундравӣ шуданаш мумкин аст. Ислом ё дигар динро манбаи ифротгароӣ эътироф кардан аслан хатост. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ин мавзўъ гуфтаанд: “Имрўз дар миёни ҷаҳони исломи Ѓарб садди нофаҳмӣ ба вуҷуд омадааст, ки торафт азиму хатарнок мегардад. Мутаассифона дар тафаккури доираи муайяни Ѓарб чунин ақида ҷой гирифтааст, ки гўё ифротгароӣ хоси табиати дини ислом - яке аз динҳои ҷаҳонӣ бошад, чунин муносибат ба мардуми мусалмон,ки аз уқёнуси Ҳинду Ором то уқёнуси Атлантик маскунанд ва панҷякии сайёраро ташкил медиҳанд, аз рўи инсофу адолат нест.

Дини мубини Ислом чун ҳама динҳои дигар инсониятро ба таҳаммул, тараҳҳум ва тавозўъ ҳидоят намуда, ҳар гуна зўроварӣ ва кушторро маҳкум месозад. Бинобар ин терроризм ва ифротгароиро бо ислом пайванд додан хатои маҳз аст. Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест. Барои он ки дини мубини ислом минбаъд ҳамчун манбаи зўроварию фишор қаламдод карда нашавад, мо бояд ба ҷаҳолат маърифатро муқобил гузорем ва ба ҷои муқовимати тамаддунҳо гуфтугўи тамаддунҳоро ба роҳ монем”.

Бобоҷони Хайриддин – устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ