​Муҳимияти Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа дар факултети забонҳои шарқ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонбо ҷалби донишҷӯёни гурӯҳи 207, 208 чорабинӣ таҳти унвони “Муҳимияти Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ дотсенти кафедра Усуф Абдулатипов оиди таҷлили ин санади муҳим суханронӣ намуда, қайд намуд, ки беҳтарин ва муҳимтарин амал баҳри рушди Истиқлоли кишвар 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардидани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Зикр шуд, ки Иҷлосияи 16-ум дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун гардиши куллӣ ба сӯи музаффарият буда, ба шаклгирии давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дар Тоҷикистон боис гардид.

Дар анҷоми чорабинӣ донишҷӯёни факултети мазкур дар васфи ватандӯстиву хештаншиносӣ шеърҳову гуфторҳо қироат намуда, табъи ҳозиринро болида намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ