Муборизаи ҷомеа алайҳи хушунати гендерӣ

Дар факултети забонҳои шарқ таҳти унвони “Иқтидори зани тоҷик дар давлати соҳибистиқлол ва муборизаи ҷомеа алайҳи хушунати гендерӣ” конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд.

Ин ташаббус дар доираи “16-рўзи мубориза алайҳи зўроварӣ ва хушунат нисбати занон ва духтарон дар ҷаҳон” ба роҳ монда шуд.

Дар кори конференсия равоншинос Иброҳимов Шўҳрат иштирок намуда, ба донишҷӯён дар бораи навъҳои зўроварӣ, пешгирии ҳолатҳои номатлуб байни занон ва мардон ва мувозинати гендерӣ маълумот ва маслиҳат дод.

Таъкид гардид, ки пешгирии хушунат дар оила ва ҷомеаи шаҳрвандӣ яке аз масъалаҳои муҳим маҳсуб меёбад, ки ҳалли он дар маркази таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Раиси Шўрои занон ва духтарони донишгоҳ Султонова Гулбаҳор барномаҳои давлатӣ ва санадҳои ҳуқуқиро оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишҷўён шарҳ дод.

Дар бахши фарҳангӣ аз тарафи донишҷўён саҳначаҳои тарбиявӣ ба намоиш гузошта шуда, дар васфи арзишҳои инсонии зан ва модар шеъру сурудҳо шунида шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ