​Муборизаи беамон бо терроризму экстремизм

Ҷавонон ҳамчун қувваи бузург ва пешбарандаи ҷомеа баробари ноил шудан ба дастовардҳо ба тамоюлҳоиманфӣва муаммоҳоиғайриахлоқӣ низ дучор мешаванд. Барои пешгирӣ аз одатҳои номатлуб ва раҳоӣ аз идеологияи зидди манфиатҳои миллӣ давлату ҳукумат тавассути ба тавсиб расонидани Барнома ва нақшаи чорабиниҳои дурамал тадбирандешӣ менамоянд. Аслан, мавҷудияти проблемаҳо дар пешрафти ҷомеа халал ворид мекунад. Дар шарҳи ин муаммоҳо костагии ахлоқи ҷавонон, майзадагӣ, нашъамандӣ, иваз намудани арзишҳои ҳаёт, тамокукашӣ, дур шудан аз анъанаҳои неки илмомўзӣ ва гаравиш ба экстремизму терроризмро номбар намудан мумкин аст.

Барои муборизаи беамон бо терроризму экстремизм ва гуруҳҳои ифротӣ ҳоло ҷомеаи моро водор месозад, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳия намудани видеофилмҳо ва намоишу баррасӣ намудани оқибатҳои даҳшатноки ин муаммои доғи рўз дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа ва ҷой додани он дар шабакаҳои иҷтимоӣ (интернет, сомонаҳо, вайбер, одноклассники...), расонаҳои хабарӣ (телевизиону радио) ва ғайраро ба субот расонем. Зеро шавқу рағбати ҷавонони имрӯз ба интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд буда, бо ин роҳ метавонем онҳоро бо тарғиби ҳаёти солим ва андешаи солим ҳидоят созем.

Аз ҷониби дигар, сафарбар намудани нерўи зеҳнии ҷавонони болаёқат (барномасозон, ҳуқуқшиносон, сиёсатшиносони ҷавон ва ғайра) бар зидди ақидаҳои бегонапарастӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз манфиат холӣ нест.

Мо узви як ватанем ва бо як ҳадафи солиму созанда ба сӯи фардои дурахшони он устуворона қадам бардорем. Муҳимтар аз ҳама дар байни ҷавонон ба вуҷуд овардани ваҳдати воқеӣ дар пиёда кардани сиёсати давлату ҳукумат ва бедор кардани эҳсоси ватандориву ватанпарастӣ вазифаи муқаддас маҳсуб мешавад.

Ҷӯраева Гулафзо – омӯзгори ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ