​Мубориза бо коррупсия кори дастаҷамъист

Дар факултети математика таҳти унвони «Мубориза бо коррупсия кори дастаҷамъист» хониши сиёсӣ доир гардид. Ин иқдом аз ҷониби кафедраи анализи математикӣ ба номи профессор А.Муҳсинов ба роҳ монда шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд, ки коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад” – зикр шуд зимни хониши сиёсӣ.

Перомуни мавзуи мазкур маърӯзаҳо ироа шуда, доир ба пайомадҳои коррупсия саҳнаҳои тарбиявӣ намоиш дода шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ